АҲСАН! Дастаи «Соро компания» бо медалҳои тилло қадрдонӣ гардид

Декабрь 20, 2021 13:26

ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори «Istiqlol Bar»-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории мусобиқаи футзал дар соли 2021 доир гардид. Аз ҷониби Лигаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсим бо ҷоизаҳои инфиродӣ ва дастаҳое, ки дар серияи «Про»  соҳиби зинаҳои ифтихорӣ шуданд, бо медалҳо қадрдонӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Маросими ҷоизасупорӣ бо суханронии ноиби Президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода оғоз шуд. Мавсуф иброз намуд, ки соли 2021 барои футзали мамлакат бисёр хотирмон буд.  «Мо шоҳиди рақобатҳои ҷолиб дар иҷрои дастаҳои шомили Лигаи касбии футзали кишвар шудем»-гуфт ӯ.

Унвони «Беҳтарин мураббии соли 2021» миёни дастаҳои ғайрикасбӣ насиби сармураббии дастаи «Амонатбонк» Шамшод Ниятбеков гардид. Ҷоизаи «Беҳтарин довари соли 2021»-ро Беҳрӯз Муртазоев аз худ кард.

Ёдовар мешавем, ки ин довари тоҷик маҳз соли 2021 шомили рӯйхати беҳтарин доварони футзали Конфедератсияи футболи Осиё гардид.

«Беҳтарин дарвозабони соли 2021» дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон дарвозабони эронии дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Ҳамдӣ Мустафоӣ гардид.

«Беҳтарин нишонзани Лигаи касбии футзал» бозингари дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд Парвиз Раҳматов шуд.

Унвони «Беҳтарин мураббии сол» насиби сармураббии дастаи  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, мутахассиси шинохтаи кишвар Пайрав Воҳид гардид. Пайрав Воҳидов ҳамзамон сармураббии дастаи  футзали мунтахаби Тоҷикистон мебошад.

Ҳайати бозингарон, ситоди мураббиён ва роҳбарияти дастаи «Пойтахт»  бо медалҳои биринҷӣ қадрдонӣ шуданд.

Дастаи мазкур пас аз мағлуб намудани дастаи «Истиқлол»  соҳиби ин мақом шуд. Яке аз дастаҳои пурқуввати мамлакат- дастаи футзали  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бо нишонҳои нуқраи Лигаи касбии футзали Тоҷикистон сарфароз гардид.

Ба чемпиони Тоҷикистон- ҳайати роҳбарикунанда, ситоди мураббиён, футзалбозон ва кормандони дастаи  овозадори «Соро комапания»-и шаҳри Душанбе  медалҳои тиллои Лигаи касбии футзал ва ҷоми кишвар тақдим шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мазкур таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов соли 2021 инчунин Суперҷом ва Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро низ соҳиб гардид.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 20, 2021 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Душанбе ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ намуд
«CAFA NATIONS CUP-2023». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол омодагиҳоро ба мусобиқа оғоз намуд
ФУТБОЛ. Замони оғози бозиҳои мусобиқаи «Cafa Nations Cup-2023» тасдиқ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024 ОИД БА ФУТЗАЛ. Тоҷикистон мизбони марҳилаи интихобии он мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Ҳонконг ду бозии дӯстона мегузаронад
Дастаи «Равшан» дар бозии даври 12-уми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ғолиб гардид
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Арабистони Саудӣ иштирок менамояд
Имрӯз дар Тоҷикистон бозиҳои даври ниҳоии чемпионати CAFA-2023 (U-20) баргузор мешаванд
Имрӯз бозиҳои даври чоруми Чемпионати CAFA-2023 (U-20) баргузор мешаванд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаи интихоби бо дастаҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунад
Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои мураббиёни Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ФУТБОЛ. Дар байни дастаҳои Лигаи олӣ ғолибони бозиҳои даври нуҳум муайян шуд