АҲСАН! Миҷгона Самадова ғолиби Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт» сазовори медали тилло шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс 7-11 декабр дар шаҳри Нижневартовски Федератсияи Русия баргузор шуд. Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 категорияи вазнӣ миёни мардҳо ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон сурат гирифт, 139 варзишгар (105 мард, 34 зан) аз 16 давлат иштирок карданд.
Миҷгона Самадова дар вазни 57кг миёни бонувон муҳориба карда, дар даври аввал 7 декабр бар Мишидма Эрденеделай (Муғулистон), дар чорякфинал 8 декабр бар Моника Серафин (Полша), дар нимфинал 9 декабр бар Малика Шаҳидова (Русия) ва дар финал 11 декабр бар Мунгунсаран Балсан (Муғулистон) дастболо шуда, бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гардид.
Дар мусобиқа 6 варзишгари дигарамон – Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Шамшер Саидов (67кг), Наврӯз Ҷафоев (86кг), Сулаймон Нидоёров (+92кг) миёни мардҳо ва Шоира Зулқайнарова (60кг) миёни бонувон дар даврҳои аввал ноком шуданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






