Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Созмони ҷаҳонии исломии маориф, илм ва фарҳанг иштирок намуд

Декабрь 9, 2021 15:25

ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қоҳира 6 декабр ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Созмони ҷаҳонии исломии маориф, илм ва фарҳанг (ICESCO) баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни ҷаласа лоиҳаи рӯзномаи иҷлосияи 14-уми Конфронси генералии созмон, гузориши иҷроия дар бораи фаъолияти ICESCO дар соли 2021, ҳисоботи молиявии Созмон дар соли 2021, Гузориши ICESCO оид ба саҳмҳои кишварҳои узв дар соли 2021 пешниҳод шуд.

Инчунин зимни иҷлосия пешниҳодҳо роҷеъ ба беҳтар намудани устувории молиявии ICESCO, лоиҳаи нақшаи амали буҷети дусола барои солҳои 2022-2023 ва якчанд ҳуҷҷатҳои маъмурию ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

АКС: ВКХ ҶТ

Декабрь 9, 2021 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд