Барномаи «Маслиҳати мутахассис»-и Радиои «Ховар» риояи қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳоро дар фасли зимистон шарҳ медиҳад

Декабрь 15, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Зимистон, новобаста аз сардиҳо фасли муъҷиза ва афсонаҳост, зеро резиши  барфи сафед рӯҳбахшу равшангари қалбҳост. Аммо дар ин фасли сол шаҳрвандон, бахусус ронандагонро мебояд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд. Зеро коршиносон иброз медоранд, ки баъзан аз ҷониби бархе ронандагон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ садамаҳои нохуши нақлиётӣ дар роҳҳо сар мезананд.

Дар ҳамин ҳол омӯзгори фанни қоидаи ҳаракат ва сохтори автомобил дар Мактаби ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа Давлаталӣ Сангов мегӯяд, ки дар зимистон нисбат ба дигар фаслҳои сол бо сабаби яхбандӣ ва ё лағжонак будани роҳҳо ҳаракати воситаи нақлиёт    мушкилтар мегардад. Аз ин рӯ ҳар як ронандаро мебояд, ки дар ин фасл истифодаи дурусти нақлиёт ва қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳоро риоя намояд, то ин ки  ҷони худ ва атрофиёнро зери хатар нагузорад.

Мавсуф бобати истифодаи дурусти нақлиёт ва риояи қоидаҳои бехатарӣ дар роҳ дар барномаи навбатии «Маслиҳати мутахассис» чанд тавсияи муфид пешниҳод намуд.

Шумо метавонед барномаи «Маслиҳати мутахассис»-ро имрӯз, соати 10:30 (асл),  инчунин  такроран соатҳои 14:30 ва 20:30 аз мавҷи Радиои «Ховар» —  101,5  FM   бишнавед.

Декабрь 15, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад