Барномаи таҳлилии «Бозтоб»-и Радиои Ховар ба Рӯзи энергетикҳо бахшида мешавад

Декабрь 22, 2021 08:25

ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабр Рӯзи энергетикҳо таҷлил мегардад. Ин сана шурӯъ аз соли 1936 то инҷониб ҷашн гирифта мешавад. Сол то сол дар мамлакат  бо зиёд гардидани шумораи аҳолӣ, бунёди садҳо биноҳои кориву истиқоматӣ  талабот ба неруи барқ зиёд мешавад.  Бинобар ин 13 ҳазор нафар кормандони соҳаи энергетика шабу рӯз, дар гармиву сардӣ машғули меҳнатанд, тамоми  неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ беист барқ истеҳсол менамоянд, то хонаву кошонаи мо гарму равшан бошад. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки аксар вақт мо, сокинон заҳматҳои онҳоро нодида мегирем. Боре тасаввур кардаем, ки ин неруи бесадову бебӯю беранг ва ба ҳама дастрас бо чӣ душвориҳо тавлид меёбаду то хонаву корхонаи мо интиқол ёфтанаш кадом масофа ва чӣ монеаҳоро пушти сар менамояд?

Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат 21 декабри соли равон иттилоъ доданд, ки бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ гардид.

Баррасии ҳама паҳлӯҳои мавзӯи мазкур дар барномаи навбатии таҳлилии «Бозтоб» 22 декабр, соати 09:30 ва (такроран) 17:30, 21:30 аз «Радиои Ховар». 

Муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави Наврӯз.

Декабрь 22, 2021 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи дастгирии молиявӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим шарҳ дода мешавад
Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» ду Даҳсолаи байналмилалии амали марбут ба об шарҳ дода мешаванд
Барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» паҳлӯҳои ҳуқуқии истифодаи обро тавзеҳ медиҳад
Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ мешаванд
Имрӯз — Рӯзи байналмилалии дарёҳо. Барномаи навбатии «Сарват»-и Радиои «Ховар» ба ин мавзӯъ бахшида мешавад
ВАО ва муаммоҳои экологӣ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
Аҳамияти эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Шарҳи мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
Соли 2021 — яке аз ҳафт соли гармтарин дар таърих. Шарҳи мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» роҳҳои мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбии иқлимро шарҳ медиҳад
Нақши захираҳои обии Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ. Шарҳи мавзӯъ дар барномаи «Сарват» – и Радиои «Ховар»
Талоши табибон дар мубориза бо бемории COVID-19. Мавзӯъро барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» шарҳ медиҳад
Чаро соли 2022 дар мубориза бо тағйирёбии иқлим марҳилаи муҳим хоҳад буд? Шарҳи мавзӯъ дар барномаи «Сарват» – и Радиои «Ховар»