БОЗДОШТИ ФАВРӢ. Милитсияи шаҳри Душанбе зани кӯдакраборо дастгир кард

Декабрь 1, 2021 10:01

ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хабари дуздида шудани кӯдаки навзоди 2-моҳа дар ҳудуди Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13 (собиқ дармонгоҳи №1) ворид гардид. Бо расидани хабар гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби кормандони самтҳои фаврию тафтишотӣ ва криминалистика сафарбар гардида, гумонбаршавандаро берун аз ҳудуди пойтахт муайяну дастгир карда, кӯдаки навзоди 2—моҳаро саломат дарёфт намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти РВКД дар шаҳри  Душанбе.

Гумонбаршаванда ҷавонзани 29-сола Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, санаи таваллудаш 3 июли соли 1992, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чортеппа, деҳаи Кампирқалъа буда, зимни қарордошт дар дохили Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13-и шаҳри Душанбе кӯдаки навзоди 2-моҳаро аз модараш барои нигоҳубини яклаҳзаина қабул ва сипас аз набудани модари кӯдак истифода намуда, кӯдакро гирифта, ба самти номаълум ғайб задааст.

Айни ҳол нисбат ба гумонбаршаванда Нигора Ахмедова тибқи талаботи моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати муайян намудани сабабу ҳадафҳои ҷиноят ва даст доштани дигар иштирокчиён дар содир намудани ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишӣ идома доранд.

АКС: РВКД дар шаҳри Душанбе

Декабрь 1, 2021 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд