Дар арафаи Наврӯз бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Гули сурх»-и Истаравшан ба истифода дода мешавад

Декабрь 14, 2021 10:22

ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Гули сурх» ҷараён дорад, ки он дар арафаи таҷлили Наврӯзи Аҷам мавриди истифода қарор дода мешавад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти раиси шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар».

Бинои муосири маъмурӣ аз таҳхона ва ду ошёнаи барҳаво, толори маҷлис ва инфрасохторҳои дигари асосию ёридиҳанда иборат буда, бо ҳамкории шарикон- сокинони 17 деҳаи ҷамоат қомат афрохта истодааст.

Дар корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Гули сурх» 26 нафар мутахассисони соҳаи сохтмон ва устоҳои хушсалиқа ба кори муваққатӣ фаро гирифта шуда, сохтмончиён саъю кӯшиш доранд, ки бинои маъмуриро мутобиқи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ба истифода диҳанд.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулҳафиз Ашурзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дидан намуда, ба бинокорон ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

АКС: маркази матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Декабрь 14, 2021 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»