Дар барномаи «Маслиҳати мутахассис»-и Радиои «Ховар» масъалаи рушди соҳибкорӣ ва фарҳанги молиявии тоҷирон баррасӣ мешавад

Декабрь 8, 2021 09:45

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорӣ бахши муҳим ва  даромаднок маҳсуб ёфта, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат нақши калидӣ дорад.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлату ҳукумат нисбат ба ин соҳа хеле зиёд мебошад. Дар Паёми Сарвари давлат  ба Парлумони мамлакат омадааст, ки «беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад».

«Масъалаи фарҳанги молиявии соҳибкорон аз масоили дигари ҳалталаб дар ин самт ҳисобида мешавад, ки мутахассисон ба ин масъала назари ҷиддӣ доштанро муҳим мешуморанд. Ба таъкиди коршиносон, агар даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ на танҳо бо мақсади истеъмолӣ, балки бо мақсади инкишофи минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ истифода шаванд, дар муддати кӯтоҳ бо дастрасии захираҳо метавон рушди соҳибкориро дар мамлакат таъмин намуд»,- мегӯяд декани факултети молия ва қарзи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Абдумаҷид Сафоев.

Мавсуф роҷеъ ба роҳу равиши дигари рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, махсусан соҳибкорони инфиродие, ки корро аз нав шурӯъ мекунанд ва чиро бояд донанду кадом методикаро истифода баранд, дар барномаи навбатии «Маслиҳати мутахассис» чанд тавсияи муфид пешниҳод намуд.

Шумо метавонед барномаи «Маслиҳати мутахассис»-ро имрӯз, соати 10:30 (асл),  инчунин  такроран соатҳои 14:30 ва 20:30 аз мавҷи Радиои «Ховар» —  101,5  FM   бишнавед.

Декабрь 8, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад