Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» мавзӯи об ҳамчун муҳаррики саноат баррасӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 27.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Саноатикунонии босуръати мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ноил шудан ба он Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зиёд андешида истодааст. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат 5 соли минбаъда, яъне солҳои 2022-2026, то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон гардиданд.
Об ҳамчун унсури муҳими табиат ва муҳаррики иқтисод дар ноил гардидани Ҳукумати мамлакат ба ҳадафи чаҳоруми стратегӣ-санатикунонии босуръат нақши муҳим дорад, зеро фаъолияти ягон ҷараёни технологиро бидуни об тасаввур кардан мумкин нест.
Ба иттилои коршиносони соҳа, аз мамлакати аграрӣ — саноатӣ ба мамлакати саноатӣ – аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ дар назди ҷомеа масъулияти бештарро нисбат ба об мегузорад. Дар шароити кунунӣ об ҳамчун воситаи амалигардонии ҳадафҳои муҳими иқтисодӣ баромад намуда, ба он ҳамчун мол муносибат карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии захираҳои об дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, 60%-и оби минтақа дар мамлакати мо ташаккул меёбад.
Ба андешаи коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев, дар ҳоле, ки иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд. кВ/ соатро ташкил медиҳад, он дар навбати худ имкон хоҳад дод, ки мамлакати мо барои расидан ба рушди устувор ва ноил гардидан ба ҳадафи чаҳоруми стратегии мамлакат- саноатикунонии босуръат корҳои назаррас анҷом диҳад.
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба масъалаи об ҳамчун омили рушди устувор ва муҳаррики соҳаи саноат имрӯз, соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» бо иштироки коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Асоев дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.