Дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» мавзӯи тағйирёбии иқлим ва вазъи уқёнусҳо баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2016 аввалин арзёбии ҳамаҷонибаи глобалии вазъи муҳити баҳрӣ нашр шуд, ки онро баҳодиҳии аввалини ҳолати уқёнусҳо низ меноманд. Дар муқаддимаи он гуфта мешавад, ки 70 дарсади тамоми сатҳи сайёраро об фаро гирифта, умқи миёнаи ин обанборҳо 4000 метрро ташкил медиҳад. Уқёнусҳо 97 фоизи тамоми оби рӯи Заминро дар бар мегиранд ва ҳаҷми онҳо тақрибан 1,3 миллиард километри мукаабро ташкил медиҳад, ки ин рақам ниҳоят зиёд ба назар мерасад. Миёни уқёнусҳо сарҳад вуҷуд надорад ва онҳо дар сатҳи Замин нобаробар тақсим шудаанд. Инсоният наметавонад танҳо як қисми уқёнусро бо гузоштани деворҳо дар атрофи он муҳофизат кунад, аз ин рӯ ҷомеаи ҷаҳон бояд дар якҷоягӣ ҳамкорӣ намуда, қувваҳоро муттаҳид созад, то захираҳои баҳрии дар ихтиёрбударо нигоҳ дорад.
Уқёнусҳо, ки нисфи оксигени сайёраи моро таъмин мекунанд, иқлим ва ҳарорати Заминро ба танзим медароранд, моро бо ғизо ва об таъмин мекунанд ва барои садҳо ҳазор намудҳои гуногун макони зист буда, кайҳо боз шарики беҳтарини мо дар мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошанд. Баландшавии ҳарорати оби уқёнус метавонад боиси муҳоҷирати оммавии намудҳо ва дар натиҷа яксоншавии глобалии гуногунии биологӣ гардад. Ин маънои онро дорад, ки шумораи намудҳо дар минтақаҳои обҳои гарм кам мешавад, дар ҳоле ки шумораи сокинони обҳои сард дар минтақаҳои қутбӣ, баръакс, якбора зиёд мешавад. Чунин тағйирот метавонад ба вазъи моҳидорӣ ва моҳипарварии ҷаҳон таъсири ҷиддӣ расонад
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба оби уқёнусҳо имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






