Дар Будапешт ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ шуд

Декабрь 2, 2021 13:57

ДУШАНБЕ, 02.12.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар Будапешт вохӯрии  муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини намояндаи минтақавии Дафтари минтақавии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Набил Ганжӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар мубодилаи афкор намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Декабрь 2, 2021 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд