Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир гардид

Декабрь 14, 2021 14:53

ДУШАНБЕ, 14.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Шӯро — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, аъзои Шӯро ва роҳбарони 27 мақоми санҷишӣ иштирок варзиданд.

Дар доираи ҷаласа масъалаҳои татбиқи қонунгузории соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зикр карда шуд, ки дар доираи ислоҳот дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар қонун шумораи мақомоти санҷишӣ аз 31 то 26 адад кам гардида, тамоюли давра ба давра кам шудани миқдори санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба миён омадааст.

Ҳамзамон зикр гардид, ки тибқи нақшаҳои дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқгардида соли 2021 аз ҷониби мақомоти санҷишӣ дар маҷмӯъ 41,3 ҳазор санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020 зиёда аз 2,4 ҳазор, нисбат ба соли 2019 зиёда аз 6,7 ҳазор, нисбат ба соли 2018 тақрибан 14 ҳазор ва нисбат ба соли 2017 беш аз 30,6 ҳазор санҷиш кам мебошад.

Дар доираи ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати идомаи ислоҳоти минбаъдаи соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ҳамзамон танзими фаъолияти назоративу санҷишии мақомоти давлатӣ баҳри аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон якҷо бо вазорату идораҳои марбута мунтазам тадбирҳо андешида, бо назардошти таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амаликунандаи ҷумҳурӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия гардидааст, ки дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ҳолати дастгирӣ ёфтани лоиҳаи мазкур дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» шумораи мақомоти санҷишӣ аз 26 ба 22 адад расонида мешавад, ки ин ба аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти соҳибкорону сармоягузорон ва танзими фаъолияти назоративу санҷишии мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа, ҳисоботи роҳбарони мақомоти санҷишӣ шунида шуда, дар робита ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали мақомоти санҷишӣ, Номгӯи масъалаҳои назоратӣ ва Нақшаи гузаронидани санҷишҳо барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

  Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 14, 2021 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»