Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони донишгоҳҳои миллӣ, технологӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия ҷамъомади оммавӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад.
Мақсади асосии баргузории ҷамъомад — ин баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ҷамъомад масъулини Агентӣ вобаста ба аҳамияти таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, оқибатҳои хисороти ин падидади манфию хатарзо ба амнияти иқтисодии кишвар ва самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Иштирокчиёни ҷамъомад дар мавзӯъҳои «Муқовимат бо фасод – омили рушд», «Тақвияти заминаҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии муқовимат ба коррупсия дар замони Истиқлолияти давлатӣ», «Муқовимат ба коррупсия муттаҳидии ҷомеаро тақозо мекунад», «Таъсири омилҳои коррупсионӣ ба психология ва шуури инсон» ва «Муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти пешгирии коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ» маърӯза намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин ҷамъомадҳо барои пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дар маҷмӯъ иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба паст гардидани сатҳ ва шиддати коррупсия мусоидат менамояд.
Дар фарҷом иштирокчиён дар доираи маърӯзаҳои ироашуда мубодилаи афкор намуда, паҳлӯҳои гуногуни падидаи коррупсияро мавриди музокира қарор доданд.
АКСҲО: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад






