Дар Душанбе маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои зеҳнӣ ва даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр дар Муассисаи таълимии давлатии “Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои зеҳнӣ ва даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Ҳавасмандгардонии хонандагон яке аз усулҳои босамари дастгирӣ ва ҷалб кардани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад. Дар даври дуюми (ноҳиявии) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино хонандагони муассиса фаъолона ширкат варзида, соҳиби 57 ҷойи ифтихорӣ (22 ҷойи аввал, 18 ҷойи дуюм ва 17 ҷойи сеюм ) гардиданд.
Хонандагоне, ки ҷойи аввалро ишғол намуданд, бо ифтихорнома ва 300 сомонӣ, ҷойи дуюм- ифтихорнома ва 200 сомонӣ ва хонандагоне, ки ҷойи сеюмро ишғол намуданд, бо ифтихорнома ва 100 сомонӣ маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Хонандагони муассиса дар Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 ноябри соли 2021 эълон шуда буд, фаъолона ширкат варзида, сазовори 20 ҷойи ифтихорӣ ва 6 Шоҳҷоиза, инчунин Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Инчунин 6 нафар хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона ширкат варзида, то даври ҷумҳуриявӣ расида, ғолиб омаданд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе










Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад






