Дар Душанбе расонидани кумаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон баррасӣ гардид

Декабрь 8, 2021 11:45

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо муовини Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон, муовини роҳбари Намояндагии СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон (UNAMA) Метте Кнудсен баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Аснои мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, таъсири он ба минтақа, вазъи башардӯстона дар он кишвар ва зарурати расонидани кумаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон табодули афкор намуданд»,- таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Муовини Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон, муовини роҳбари Намояндагии СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон (UNAMA) Метте Кнудсен бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии 11-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки 26 ноябр бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими оғози расонидани кумаки башардӯстона аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) ба  Афғонистон баргузор гардид.

Кумаки мазкур аз 2500 тонна орди гандумӣ иборат буда, он ба минтақаи Бадахшони Афғонистон тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон интиқол дода мешавад.

Расонидани кумаки башардӯстона дар ҳоле сурат мегирад, ки бо наздик шудани фасли зимистон дастрасии мардуми Афғонистон, бахусус сокинони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ба озуқа душвор мегардад.

Ҳоло ҳеҷ созмон ва давлати кумакрасон ба минтақаҳои мазкури Афғонистон дастрасӣ надорад.

«Бинобар ин Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки қаламрави худро барои интиқоли ин гуна мавод пешниҳод намояд», — таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

АКС: ВКХ ҶТ

Декабрь 8, 2021 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд