Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон се созишнома ба тасвиб расид
ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор гардид, иттилоъ дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Дар он вакилон лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Ҷавҳарӣ Муҷибахон», Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир аз 10 июни соли 2021, Созишнома миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ аз 10 июни соли 2021 ва Созишнома миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ аз 10 июни соли 2021-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, вакилони мардумӣ Мироҷ Абдуллоев, Ҳуснигул Одиназода ва Икромӣ Фазлидинзода муаррифӣ намуданд.
Дар иҷлосия ҳамчунин Қарори Маҷлиси намояндагон “Дар бораи Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Абдуҷаббор Сатторзода” қабул карда шуд.
АКСҲО: МН МО ҶТ








Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид






