Дар Малайзия имконияти сармоягузорӣ ва молу маҳсулоти Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Декабрь 14, 2021 15:12

ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия (MICCI) 9 декабр дар шаҳри Куала- Лумпур Форуми тиҷоратӣ баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 50 нафар соҳибкорон аз 30 ширкати малайзӣ иштирок доштанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳдошти фазои кории соҳибкорон ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ тадбирҳои ҳадафмандона андешида, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояро  самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст», — иброз намуд Сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ.

Президенти Палатаи байналмилалии савдо ва саноати Малайзия Кристина Тӣ аз имконияти васеи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Малайзия сухан гуфта, соҳибкорони малайзиро барои саҳм гузоштан дар густариши муносиботи иқтисодии ду кишвар даъват намуд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон омода аст барои соҳибкорони малайзӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти ҷудо намудани қитъаи заминро баррасӣ намояд.

Тайи солҳои охир Тоҷикистон ба рӯйхати  «Даҳ кишвари пешсафи ислоҳотгар» шомил гашта, мавқеи худро дар рейтинги «Пешбурди бизнес» аз рӯи нишондиҳандаҳои бақайдгирии тиҷорат, андозбандӣ, гирифтани қарз ва тиҷорати байналмилалӣ беҳтар карда, намояндагони  доираи  соҳибкорӣ  ва ширкатҳои Малайзия низ имкон доранд аз сабукиҳои андозбандӣ ва навъҳои ҳавасмандгардониҳои сармоягузорӣ   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода намоянд.

Сафири Тоҷикистон имконияти фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий ва сайёҳиро  ба таври муфассал муаррифӣ намуд.

Дар доираи ҳамоиши мазкур намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки ҳозирин ба таъму сифати маҳсулоти тоҷикӣ баҳо баланд дода, ҷиҳати ба роҳ мондани содироти ин маҳсулот ба минтақаи Ҷанубу Шарқии Осиё мароқ зоҳир карданд.

Сафорат дар намоишгоҳ маълумотро дар бораи маҳсулот ва истеҳсолкунандагони миллӣ, намунаҳои маҳсулот аз ширкатҳои ватании ғизо ва нӯшокиҳои «Сиёма», «Баракат Исфара», «Амирӣ», «Витаминҳои Тоҷикистон», «Ширин» ва ғайра ба маърази тамошо гузошт.

 

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Декабрь 14, 2021 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид