Дар Раёсат оид ба масоили кӯли Сарез низоми нави огоҳии бармаҳал ва мониторинги кӯл муаррифӣ гардид

Декабрь 17, 2021 10:26

ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр дар ҳудуди Раёсат оид ба масоили кӯли Сарези Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии низоми нави огоҳии бармаҳал ва мониторинги кӯли Сарез баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба КҲФ ва МГ.

 Низоми нав дар марз бо Афғонистон то ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон, ҳаммарз бо вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон мегузарад. Пештар аз ин то ноҳияи Рӯшони ВМКБ системаи мавҷудаи огоҳии пешакӣ (алоқаи радио) гузошта шуда буд.

Таҷҳизоти нав аз низомҳои интиқоли маълумоти моҳвораӣ,  пешгӯӣ, назорат ва огоҳкунанда иборат мебошад.

 Ин таҷҳизот тобистони имсол дар доираи татбиқи лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиии КҲФ ва МГ ва Бонки осиёии рушд харидорӣ ва насб карда шуд.

Дар маросим Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода, Директори кишварии Бонки осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шани Кэмпбелл, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятии муқими кишвар ширкат намуданд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросимро ифтитоҳ намуда, ба Бонки Осиёии Рушд ва дигар шарикони байналмилалӣ барои ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки низоми нави насбшуда, ки ҳатто хурдтарин тағйиротро дар низоми онлайн ироа мекунад, имкон медиҳад вазъи кӯл беҳтар омӯхта ва бехатарии аҳолӣ дар сурати рух додани  ин ё он офати табиии эҳтимолӣ таъмин карда шавад.

Шанӣ Кэмпбелл аҳамияти татбиқи ин лоиҳаро зикр намуда, ба омодагии БОР барои идомаи ҳамкорӣ дар оянда таъкид намуд.

Дар анҷоми қисми расмӣ намоиши имконоти низоми нави мониторинг ва огоҳии бармаҳал дар кӯли Сарез сурат гирифт.

Мушовири байналмилалии Лоиҳаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ Рассел Боулз тавонмандиҳои низоми навро ба тариқи онлайн намоиш дода, ба суолҳои мавриди таваҷҷуҳ посух гуфт.

 АКС: КҲФ ва МГ

Декабрь 17, 2021 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд