Дар Роғун ду гармхонаи замонавӣ ба истифода дода шуданд

Декабрь 14, 2021 10:31

РОҒУН, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун аз ҳисоби фонди Оғохон ба маблағи 124,4  ҳазор сомонӣ ду гармхонаи замонавӣ  бо дарозии 20-метрӣ ба истифода дода шуданд, ки  айни замон дар онҳо помидор, бодиринг, кашнизу шибит ва дигар намуди сабзавот парвариш ёфта истодаанд, иттилоъ дод   мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   шаҳри Роғун Шоира Раҷабалиева ба хабарнигори  АМИТ «Ховар».

Зикр шуд, ки дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  аз 1 декабри соли 2021 ҷиҳати муайян намудани захираи маводи озуқа ва барои дар ҳаҷми зарурӣ захираву нигоҳдорӣ намудани маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва таъмири кӯчаю маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон барои давраи тирамоҳи солҳои 2021  ва  2022  гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Гурӯҳи корӣ захираи маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, таъмири хонаю бинои аҳолии шаҳр, захираи маводи озуқаи ташкилоту муассисаҳо, анбори хоҷагиҳои деҳқонӣ ва нуқтаҳои савдоро санҷид.

Мувофиқи  маълумоти гурӯҳи корӣ,  имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳри Роғун 880,4 тонна орд,  52,6 тонна равған,  50,9 тонна биринҷ, 49,2 тонна шакар, 1637,3 тонна картошка, 201,7 тонна пиёз, 161,8 тонна сабзӣ  ва 205115 қуттии шартӣ консерваҳо захира гардидаанд.

Ҳамчунин барои дар сатҳи баланд гузаронидани зимистони дарпешистода сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр 7374,2 тонна ангишт, 11884,3 м3ҳезум   ва 4501 тонна хӯроки  чорво захира намудаанд.

   АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 14, 2021 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад