Дар Роғун ду гармхонаи замонавӣ ба истифода дода шуданд
РОҒУН, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун аз ҳисоби фонди Оғохон ба маблағи 124,4 ҳазор сомонӣ ду гармхонаи замонавӣ бо дарозии 20-метрӣ ба истифода дода шуданд, ки айни замон дар онҳо помидор, бодиринг, кашнизу шибит ва дигар намуди сабзавот парвариш ёфта истодаанд, иттилоъ дод мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Шоира Раҷабалиева ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Зикр шуд, ки дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аз 1 декабри соли 2021 ҷиҳати муайян намудани захираи маводи озуқа ва барои дар ҳаҷми зарурӣ захираву нигоҳдорӣ намудани маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ ва таъмири кӯчаю маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон барои давраи тирамоҳи солҳои 2021 ва 2022 гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Гурӯҳи корӣ захираи маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, таъмири хонаю бинои аҳолии шаҳр, захираи маводи озуқаи ташкилоту муассисаҳо, анбори хоҷагиҳои деҳқонӣ ва нуқтаҳои савдоро санҷид.
Мувофиқи маълумоти гурӯҳи корӣ, имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳри Роғун 880,4 тонна орд, 52,6 тонна равған, 50,9 тонна биринҷ, 49,2 тонна шакар, 1637,3 тонна картошка, 201,7 тонна пиёз, 161,8 тонна сабзӣ ва 205115 қуттии шартӣ консерваҳо захира гардидаанд.
Ҳамчунин барои дар сатҳи баланд гузаронидани зимистони дарпешистода сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр 7374,2 тонна ангишт, 11884,3 м3ҳезум ва 4501 тонна хӯроки чорво захира намудаанд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»






