Дар шаҳри Кӯлоб ярмарка-фурӯши ангишт доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.12. 2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ярмарка-фурӯши ангишт доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Сокинони ҷамоату деҳоти шаҳри Кӯлоб аз субҳи барвақт ба ярмарка-фурӯш омада, бо нархи дастрас ин маводи сӯхтро харидорӣ карда истодаанд.
Ангишти хушсифати ватанӣ дар ҳаҷми 300 тонна тариқи 11 нақлиёти боркаш ба шаҳри Кӯлоб дирӯз, 14 декабр бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.
Дар ярмарка корхонаҳои истеҳсолии ангишти КФ Шахтаи «Фон-Яғноб», КФ «КА Зиддӣ», ҶСК «Ангишт», ҶСК «Ангишти Камароб», ҶДММ «Вена», ҶДММ «Тако Ресурс» ва ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷик» маҳсулоти худро бо нархи хеле арзон- аз 50 то 80 дирам барои як килограмм пешниҳоди сокинон намуданд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини талаботи аҳолии мамлакат бо ангишт дар давраи зимистони солҳои 2021-2022, инчунин ҷиҳати ба танзим даровардани нархи ин намуди маводи сӯхт дар бозори истеъмолӣ ярмарка-фурӯши ин маҳсулотро ба роҳ мондааст.
Чунин ярмаркаҳо имконият медиҳанд, ки сокинон барои сипарӣ намудани зимистони имсола миқдори зарурии маводи сӯхтро бо нархи чанд маротиба арзон харидорӣ намуда, захира намоянд.
АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






