Дастоварди назарраси соҳа таҳия ва қабули 4 барномаи давлатист,-бардошт аз ҷамъомади тантанавӣ дар Саридораи геология
ДУШАНБЕ, 09.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони соҳаи геология дар даҳсолаи охир корҳои иктишофӣ-геологиро дар объектҳои буҷавию шартномавӣ ба роҳ монда, захираҳои зиёда аз 130 кони намудҳои гуногуни ашёи минералиро ҳисоб намуда, ба тарози давлатӣ гузоштанд. Дар ин давра геологҳои тоҷик корҳои таҳқиқотиро оид ба омӯзиш, ҷустуҷӯ, баҳодиҳӣ ва иктишоф дар конҳои оҳани Шоҳқадамбулоқ, ашёи гилхоки Тутли Қудуқ, нуқраи Кони Мансур, тиллои Тутли-Алмабулоқ, тиллою нуқраи Боярбек, фосфоритҳои Исфара-Тоҷикистони шимолӣ, нуқраи Мирхонд, тиллои Шахкон, сурмаю симоби Ҷиҷикрӯд, фосфоритҳои Работ, тиллои Чорроҳа, гили Шингак, тиллои Қудуқ, Хирсхона ва Чоре, гили Зидеҳ, фосфоритҳои Қаратоғ-Тоҷикистони Марказӣ, фосфоритҳои Туюн-Тоғ ва Оқ-тоғ, оҳаксанг, гаҷ ва гили Ачучу дар Тоҷикистони Ҷанубӣ, мису никели Лангар дар Помири Ғарбӣ ва ангиштсанги Дарвоз давом дода, ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардиданд.
Чунин изҳори назар намуд Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз, 9 декабр зимни ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи геологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Саридораи геология.
Зимни ҳамоиши идона Илҳомҷон Оймуҳаммадзода аҳли кормандон — ҷӯяндагону кашшофони сарватҳои зеризаминиро бо иди касбӣ табрик намуда, доир ба дастовардҳои соҳаи геология дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуд. “Дастоварди назарраси соҳаи геология –ин таҳия ва қабули 4 барномаи давлатӣ мебошад. 30 апрели соли 2021 барои мо, кормандони соҳаи геология рӯзи хотирмон мебошад, зеро Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 бо мақсади муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ таҳия ва қабул гардид”.
Ҳиссаи сазовор гузоштан дар ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии мамлакат аз вазифаҳои асосии кормандони соҳа буда, бо ашёи хоми маҳаллӣ пурра таъмин кардани корхонаҳои саноатии кишвар яке аз самтҳои муҳими саноатикунонии босуръат ба ҳисоб меравад. Дар заминаи қисме аз конҳои омӯзишёфта корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуданд. Давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 50 корхонаи калони соҳаи саноат ифтитоҳ ёфта, 9500 ҷойи кори нав муҳайё гардид. Вазни қиёсии соҳаи маъданҳои кӯҳӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ солҳои охир зиёда аз 25,1 фоизро ташкил дод.
Зикр шуд, ки геология — муҳаррики иқтисодиёт ва қувваи пешбарандаи иқтисодиёт мебошад. Омӯзиш ва мавриди истифода қарор додани боигариҳои зеризаминӣ заҳмати вазнин, хароҷоти зиёд ва вақти тӯлониро тақозо менамояд.
Сарватҳои табиӣ, аз ҷумла канданиҳои фоиданок боигариҳои Тоҷикистон ба шумор мераванд, ки истифодаи самараноку оқилонаи он ба манфиати ҷомеа буда, ба пешравии кишвар ва некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд.
Имрӯз кишвари мо истеҳсолкунандаи тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводи аграриву сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳо ва дигар сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода хизмати геологҳои кишвар басе калон аст. Бо заҳмату меҳнати шабонарӯзии геологҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ истихроҷ ва коркарду истеҳсоли сарватҳои ҷавобгӯи талаботи бозори ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуданд.
Роҳбарияти Саридора барои амалӣ намудани бандҳои барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла таҷҳизонидани соҳа бо дастгоҳҳо ва техникаҳои замонавӣ, инчунин тайёр кардани мутахассисони касбӣ тадбирҳои муҳим меандешад. Дар ин ҷода Саридора бо мақомоти геологии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Созмони заминшиносии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Хадамоти геологии Финляндия, Хадамоти геологии Британия, Хадамоти геологии илмҳои табиии Олмон ва Маркази геологии Сиани Хадамоти геологии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкории судманд ба роҳ мондааст.
Мақсаду мароми роҳбарият ва кормандони соҳаи геологияи кишвар баланд бардоштани корҳои ҷустуҷӯию геологӣ, муайянсозии сарватҳои бойи зеризаминӣ, истифодаи самараноки техника ва технологияи муосир мебошад.
Дар ҷаласаи тантанавӣ раиси Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи кормандони геология, саноати маъдан, металлургия “Тоҷикметалл” Абдулло Холиқ ва ва намоянда аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Фурқат Муродзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар охири ҷаласа як зумра кормандон ва собиқадорони соҳа, ки дар рушди соҳаи геология саҳми арзанда доранд, бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Саридораи геология, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи кормандони геология, саноати маъдан, металлургия “Тоҷикметалл” сарфароз гардиданд.
Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»