Доир ба мавзӯи ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид

Декабрь 3, 2021 09:21

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 декабр дар  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ДДЗТ) ба номи Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии ДДЗТ.

Дар ҳамоиш намояндаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон Саидислом Акрамзода, муаллифи барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон»-и Телевизиони «Тоҷикистон», рӯзноманигор Фатҳиддин Замон ва кормандону донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.

Саидислом Акрамзода вобаста ба мавзӯи ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа зикр кард, ки «шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанбаҳои мусбату манфӣ дошта, ба тафаккури ҷавонон таъсир мерасонанд. Моро зарур аст, то муқобили ҳама гуна маводи беасосу ғаразноки душманони миллат муборизаи иттилоотӣ бурда, ба ин восита миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро ҳимоя намоем».

Рӯзноманигор Фатҳиддини Замон изҳор дошт, ки солҳои охир гурӯҳҳои террористию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ифротияшонро тарғибу ташвиқ намуда, ҷавононро ба ин восита ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб мекунанд.

«Ҷавонони моро зарур аст, то ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушддиҳандаи ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву худшиносӣ самаранок истифода баранд», — гуфт рӯзноманигор.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Асадулло Наҷмиддиниён дар мавзӯи «Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури ҷавонон», мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ, дотсент Диловар Маҷидов дар мавзӯи «Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ» ва  мудири шуъбаи таҳлилӣ – иттилоотии ДДЗТ Доро Суҳробӣ дар мавзӯи «Фарҳанги истифодаи сомонаҳои интернетӣ аз ҷониби ҷавонон» маърӯза намуданд.

АКСҲО: ДДЗТ

Декабрь 3, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд