Донишҷӯи ДМТ Шамил Абдураҳмонзода дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойи дуюм гардид

Декабрь 8, 2021 16:15

ДУШАНБЕ, 8.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шамил Абдураҳмонзода дар интернет-олимпиадаи байналмилалии «Низоми интихоботии давлатҳои ҷаҳон», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи II гардид, иттилоъ доданд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Олимпиадаи мазкур аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии мониторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон — давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) баргузор гардида, мақсад аз он баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон, шиносоӣ бо асосҳои мурофиаи интихоботи демократӣ ва сайқал додани дониши мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Дар олимпиада 1213 донишҷӯ аз 107 донишгоҳи 18 давлати дунё иштирок намуданд. Дар баробари донишҷӯёни донишгоҳҳои ИДМ, инчунин муҳассилин аз донишгоҳҳои Руминия, Конга, Латвия, Сербия ва Черногория иштирок намуданд.

Озмун аз се давр иборат буда, ду давр дар Тоҷикистон ва давраи ниҳоӣ дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардид. Олимпиадаи мазкур аз 1 то 30 сентябр баргузор гардида, аввали моҳи декабри соли равон ғолибон муайян ва дипломҳо ба таври электронӣ ба гирандагони он расонида шуданд.

АКС: ДМТ

Декабрь 8, 2021 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд