Фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ пойгоҳҳо дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро сипари муҳофизатӣ аз террористон барои кишварҳои СААД номид
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фармондеҳи низомиёни Округи марказии ҳарбӣ (ОМҲ), генерал-полковник Александр Лапин пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистонро сипари муҳофизатӣ аз террористон барои паймони СААД номид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Интерфакс».
«Ин як навъ сипари эътилоф буда, барои террористон ва ифротгароёни дар қаламравҳои давлатҳои ҳамсоя ҳузурдошта монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад»,- гуфт Лапин.
Ба гуфтаи ӯ, ин пойгоҳҳои низомӣ дар ҳолати изтирорӣ аввалин зарбаро ба худ мегиранд.
«Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон «пешоҳангони ҷангӣ»-и мо дар самти ҷануб -муҳимтарин ҷузъи неруҳои дастҷамъии СААД дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Ба ин хотир ба омодагии ҷангӣ, мусаллаҳшавӣ ва рушди инфрасохтори онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад»,- гуфт Лапин.
Фармондеҳи ОМҲ иброз намуд, ки тамоми пойгоҳҳои Русия дар хориҷи кишвар танҳо бо афсарони ботаҷриба ва низомиёни шартномавӣ таъмин карда мешаванд.
Дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-и Русия ва дар Қирғизистон пойгоҳи авиатсионии «Кант» фаъолият мекунанд.
Қаблан Москва пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистонро бо танкҳои Т-72Б3М муҷаҳҳаз гардонид.
АКС: «Звезда»








Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид






