ФУТБОЛ. 24 феврал қуръакашии Ҷоми Осиё-2023 доир мешавад

Декабрь 14, 2021 16:18

ДУШАНБЕ, 14.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё санаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро эълон кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 феврал рақибони худро дар гурӯҳ пайдо мекунад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Конфедератсияи футболи Осиё инчунин раванди қуръакашии бозиҳои интихобиро эълон кард. Пас аз нашри раддабандии охирини ФИФА қуръакашии даври интихобии Ҷоми Осиё-2023 тартиб дода мешавад. Тибқи натиҷаи қуръакашӣ, ки 24 феврал баргузор мешавад, шаш гурӯҳ иборат аз чаҳор даста ташкил мешаванд.

Бозиҳои даври гурӯҳии интихобӣ дар шакли мутамарказ дар як давр – рӯзҳои 8, 11 ва 14 июни соли оянда баргузор мешаванд. Ёздаҳ даста ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат мегиранд — шаш ғолиби гурӯҳ ва инчунин панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд.

Дар мусобиқаи интихобӣ 24 даста барои роҳхат ба финали Ҷоми Осиё-2023 байни ҳам мубориза мебаранд. Ба ҷуз аз Тоҷикистон ҳамчунин дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Урдун, Қирғизистон, Баҳрайн, Фаластин, Ҳиндустон, Таиланд, Филиппин, Кувайт, Туркманистон, Мянмар, Ҳонконг, Яман, Афғонистон, Малайзия, Малдив, Сингапур, Непал, Муғулистон, Бангладеш, Шри-Ланка буда,  Индонезия ва Камбоҷа барои баромадан ба даври ниҳоӣ рақобат мекунанд.

Дастаҳои мунтахаби Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Уммон, Ветнам, Чин ва Қатар аллакай ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат  ёфтаанд.

АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 14, 2021 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад