ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРОН. Шумораи умумии ин қишри ҷомеа дар ҷаҳон ба 236 миллион нафар расидааст

Декабрь 18, 2021 09:03

ДУШАНБЕ, 18.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 сол мешавад, ки бо ташаббуси Ассамблеяи генералии СММ дар тамоми ҷаҳон  18 декабр Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон  таҷлил мешавад. Бояд гуфт, ки 18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳоро қабул намуда, 4 декабри соли 2000 ин санаро ба расмият даровард. Дар баробари дигар кишварҳо ин рӯз дар Тоҷикистон низ бо баргузории конфронсу ҳамоишҳои мухталиф оид ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои муҳоҷирон таҷлил мешавад.

Тавре дар суҳбат бо мо муовини авввали Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомназар Имомзода  иброз намуд, тибқи маълумоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, имрӯз шумораи умумии муҳоҷирони корӣ дар ҷаҳон ба 236 миллион нафар расида, тибқи пешгӯии СБМ ин рақам то соли 2050 ба 405 миллион нафар мерасад.

Давоми 11 моҳи соли равон беш аз 175 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавассути хатсайрҳои чартерӣ ва мунтазам ба ватан баргаштанд, аз ҷумла 132 ҳазору 119 нафар аз Федератсияи Русия омаданд.

Русия ҳамоно кишвари серталабтарини дорои ҷои кор барои шаҳрвандони хориҷӣ боқӣ мемонад. То 90 фоизи муҳоҷирони мо ба Федератсияи Русия ва 10 фоизи боқимонда барои кор ба Қазоқистон ва дигар кишварҳо мераванд.

Дар ин муддат ба Хадамоти муҳоҷират 38 ҳазору 662 нафар муроҷиат кардаанд, ки дар муқоиса ба давраи қиёсии соли 2020 60 фоиз зиёд аст. Феълан дар кишвар 29 субъекти хоҷагидорӣ фаъолият доранд, ки ба шуғли муҳоҷирони корӣ дар хориҷи кишвар машғуланд. Мутаассифона, бинобар паҳншавии COVID-19 ва баста шудани сарҳадҳои хориҷӣ аксари корхонаҳо натавонистанд бо иқтидори пурра фаъолият кунанд. Ба ин нигоҳ накарда, субъектҳои хоҷагидорӣ тавонистанд ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба хориҷи кишвар фиристанд.

Беш аз 10,5 ҳазор муҳоҷири корӣ, ки ба Ватан баргаштаанд, аллакай дар Тоҷикистон давраҳои омӯзиширо хатм намуда, ба кор даромаданд. Аксар вақт онҳо касби кафшерчӣ, андовачӣ, дуредгарӣ ва дӯзандагиро интихоб мекунанд. Мақомот кӯшиш мекунанд, ки ба онҳое, ки бо лоиҳаи худ бармегарданд, кумак расонанд ва озмунҳо баргузор мекунанд, то дар онҳо идеяҳои умедбахш интихоб карда шаванд.

8 январи соли 2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳо ҳамроҳ шуд. Ҳадафи асосии он ноил шудан ба ҳалли мушкилоти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо буда, ин масъала ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамасола дар ин рӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тамоми кишварҳо даъват мекунад, ки ба мушкилоти муҳоҷироне, ки дар ҳолати вазнин қарор дошта, ба кумаку дастгирӣ ва ҳимоят ниёз доранд, таваҷҷуҳ кунанд.

Имрӯзҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти танзими равандҳои муҳоҷират, бахусус муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳам дар самти беҳбуди вазъи меҳнатӣ тадбирҳои муассир меандешанд.

Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои зертобеи он дар танзими равандҳои муҳоҷират, ҳалли масъалаҳои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон ва фаъолияти меҳнатии онҳо дар Федератсияи Русия саҳми муайян мегузоранд.

Бо ибтикори Хадамоти муҳоҷират созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар таъмини шуғли шаҳрвандони Тоҷикистон бо субъектҳои соҳибкорӣ аз манотиқи мухталифи Федератсияи Русия ба имзо расиданд. Инчунин 13 сентябри соли 2021 вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо директори генералии Муассисаи давлатии буҷети «Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират»-и шаҳри Москва Сергей Балдин баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламрави шаҳри Москва, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ ба ин шаҳр баррасӣ шуданд. Ҳамзамон миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии буҷети «Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷират»-и шаҳри Москва Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Муқаррароти асосии Ёддошти тафоҳум рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар асоси созишномаҳои мавҷуда мебошад. Аз ҷумла, он ба татбиқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон барои кори муваққатӣ дар Русия равона шудааст.

                                                                                Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
                                                                                    АМИТ «Ховар»

АКС аз муаллиф ва манбаъҳои боз

Декабрь 18, 2021 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода бо муовини Дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов мулоқот намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор зан ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият мекунад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – КАФИЛИ РУШДИ ҶОМЕА. Андешаҳо дар мавриди Соли маърифати ҳуқуқӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи маъюбон дар Тоҷикистон давоми чор соли охир дар як сатҳ қарор дорад
Агентии обуҳавошиносӣ: «Аз 8 то 11 феврал дар Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст»
«МОДАР! ТУ БИҲИШТИ ҶОВИДОНӢ!». Таҳти ин унвон дар Суғд бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд
Дар Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саммити чорум доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Хадамоти иҷро зиёда аз 44 ҳазор мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 109 хонаи аз офатҳои табиӣ зарардида барқарор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 барои нафақагирон маблағгузорӣ 48 фоиз зиёд гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо 26 маркази тадқиқотӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад
«ЗАНОН-ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар вилояти Хатлон беш аз 19 ҳазор занон роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд