Иштирокдорони пресс-тур бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» шинос шуданд

Декабрь 20, 2021 15:36

РОҒУН, 20.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре  қаблан хабар додем, 18 декабр дар заминаи сайри рӯзноманигорон (пресс-тур) оид ба имконияти қабулу хизматрасониҳои сайёҳӣ дар хатсайри сайёҳии Душанбе-Файзобод-Роғун барои намояндагони ВАО ва доираҳои сайёҳӣ Конференсияи  миллии сайёҳӣ баргузор шуд. Иштирокдорон дар доираи ин   пресс-тур ҳамчунин  бо  ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар  НБО-и «Роғун» аз наздик шинос шуданд.

Конференсияи миллии сайёҳӣ  дар  Роғун

Конференсияи  мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Роғун дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» баргузор  шуда, дар он муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода, намояндагони  вазорату идораҳои ҷумҳурӣ,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, роҳбарони суъбектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва намояндагони ВАО иштирок  намуданд,  иттилоъ дод аз ҷараёни он мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Конференсияи миллии сайёҳӣ дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» дар асоси  дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Дар конференсия масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, имконияти сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияи Роғуну Файзобод, ҳифз ва муаррифии объектҳои табиию таърихӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, имконоти ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар мавзӯъҳои «Имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Файзобод», «Рушди ҳунармандӣ дар шаҳри Роғун», «Имкониятҳои хизматрасонии ҶСК Оби гарм» ва дар оянда муҳайё гардидани имкониятҳои сайёҳӣ дар атрофи НБО “Роғун” маърузаҳо қироат шуданд.

Муовини раиси ноҳияи Файзобод Нурмуҳаммад Маҳмадзода зикр намуд, ки «ноҳияи Файзобод чун аксар гӯшаҳои зебоманзари ватани азизамон дорои мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва ҷолиби назар буда, барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ хеле муносиб аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо назардошти мавҷудияти мавзеъҳои сайёҳӣ, манбаъҳои обҳои шифобахш ва манзараҳои табиӣ солҳои охир ҷиҳати бунёду ба истифода додани инфрасохтори сайёҳӣ ва ташкили шароити мусоид барои қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.  Аз ҷумла, дар се соли  охир дар доираи барномаҳои бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  меҳмонхона, ошхонаю қаҳвахонаҳои сарироҳӣ, марказҳои хизматрасонӣ  ва дигар иншооти зарурӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод минбаъд ҳам баҳри ободу зебо гардонидани мавзеъҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои таърихӣ тадбирҳои мушаххас андешида, ба ин васила тарғибу ташвиқи фарҳангу ҳунари миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ  ва баланд бардоштани  сатҳи зиндагии сокинонро  таъмин менамояд».

Дар кори  конференсия мудири бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии шаҳри Роғун Муминшо Хуррамзода изҳор дошт, ки “дар раванди рушди босуботи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар бахши сайёҳӣ яке аз манбаъҳои даромаднок ба буҷети давлатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва муаррифӣ намудани анъанаю  суннатҳои неки таърихӣ ба ҳисоб меравад. Шаҳри Роғун дар қатори дигар минтақаҳои зебои кишварамон дорои имконияти бузурги сайёҳӣ мебошад, ки давра ба давра минтақаҳои сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳр мавриди омӯзиш ва эҳё қарор дода мешаванд. Асоси воқеии онро дар бунёди пурраи Неругоҳи барқии обии “Роғун” эҳсос кардан ҷоиз аст, ки дар оянда ин минтақа ба мавзеи тамошобоби сайёҳӣ ва макони истироҳатии сайёҳону меҳмонон мубаддал мегардад”.

Боздиди меҳмонон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар  НБО “Роғун”

Пас аз анҷоми Конференсияи  миллии сайёҳӣ сайёҳони дохилӣ дар доираи ифтитоҳи хатсайри масири Душанбе-Файзобод –Роғун аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” дидан намуданд. Меҳмононро намояндаи фармоишгари НБО “Роғун” Қурбонназар Давронов роҳнамоӣ намуда, толори агрегатҳои неругоҳ ва корҳои васлу насби онҳо,  сарбанди неругоҳ, қисмати поёнии он ва ҷараёни кор дар ин мавзеъ, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳо ва дигар мавзеъҳои  НБО “Роғун”-ро муаррифӣ намуд.

Мавсуф изҳор дошт, ки сатҳи ниҳоии сарбанди неругоҳ 1125 метр аз сатҳи баҳр буда, баландияш айни замон 150 метр мебошад. Баландии оби неругоҳ 100 метр буда, ҳаҷми оби ҷамъшуда 300 миллион метри кубиро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонии неругоҳ мувофиқи нақшаи тарҳрезишуда ҷараён дошта, аз рӯи сифати кор ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.

Қурбонназар Давронов изҳор намуд, ки  ба кор андохтани агрегати навбатии сеюм соли 2025 ба нақша гирифта шуда, корҳо айни замон тибқи нақша ҷараён доранд ва боварӣ дорем, ки тибқи нақша, агрегати навбатӣ низ дар муҳлати муайяншуда ба истифода дода мешавад.

Дар ҷараёни сафар меҳмонон ва сайёҳони дохилӣ аз сохтмони НБО “Роғун” дидан намуда,  ба саволҳои худ аз мутахассисони варзидаи ин неругоҳ ҷавобҳои мушахас гирифтанд. Онҳо ҳамчунин  ба кормандону сохтмончиёни ин корхонаи аср барои хизматҳои софдилонаю шоён миннатдории бепоён баён намуданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

Душанбе-Файзобод-Роғун

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Декабрь 20, 2021 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои табодули академӣ ба Донишгоҳи миллии Авруосиё рафтанд
«PAKISTAN TRAVEL MART 2025». Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Покистон муаррифӣ гардид
Шуруъ аз моҳи март «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе зиёд менамояд
Соли 2024 7584 сайёҳи хориҷӣ осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тамошо кардаанд
САДА – ҶАШНИ РӮШНОӢ ВА ПАЙВАНДГАРИ ФАРҲАНГҲО. Тантанаи ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ. Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи шарқии Қазоқистон ҷалб шуданд
Дар вилояти Суғд лабораторияҳо ва синфхонаҳои таълимии сохторҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Рақамикунонии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии стратегияи рушди донишгоҳ арзёбӣ гардид
Байни шаҳрҳои Тошканд ва Хуҷанд ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ тақвият дода мешавад
««РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТ ВА ИФТИХОР». Таҳти чунин унвон намоиши асарҳои рассомон доир мегардад
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон 6 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лакноуи Ҳиндустон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид