МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ба деҳқонон корҳои яхобмонии замин ва буриши дарахтон фаҳмонида шуданд
ДУШАНБЕ, 12.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Агар дар фасли сармо замин яхоб хӯрад, дар мавсими киштукор намии муқаррарӣ пойдор мемонад, ҳашароти зараровар нобуд мешаванд ва таркиби хок аз оби захиравию сабзишӣ баҳраманд мегардад. Аз мушоҳида ва таҷрибаву дониши назариявии мутахассисон ҳам яхобмонӣ – оби захиравӣ фоидаи калон дошта, ба замини киштбобу корам қувват ато мекунад, ба хок нармиву эъҷоз мебахшад. Ин нуктаро олимони соҳаи кишоварзии мамлакат зимни баргузории ҳамоиши машваратии илмию амалӣ дар мавзӯи «Буриши ниҳол, фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба яхобмонии заминҳо, барқарор намудани боғҳои кӯҳна ва агротехникаи парвариши баъзе дарахтону буттаҳои ороишӣ», ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, баён доштанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши илмӣ — ин татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши боғу токпарварӣ, таҳлилу баррасии масоили ҳалталаби рушди соҳаи боғпарварӣ, дарёфти усулҳои нави парвариш, бурриши ниҳол, тартиби шаклдиҳии ниҳолҳо, пайвандкунӣ, фурӯши ниҳол ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ба шумор меравад. Инчунин баргузории ин машварат ба фаъолияти минбаъдаи кишоварзон таъсири мусбат расонида, метавонад ба захиракунии намӣ, нест кардани ҳашароту зараррасонҳо, баланд бардоштани ҳосилхезии замин, ба даст овардани маҳсулоти босифат ва меваҳои лазизу шаҳдбор замина гузорад.
Дар кори машварат Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар масъулон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби олимон ва мутахассисони Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, КВД «Тоҷикниҳолпарвар» оид ба ҳолати кунунии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, афзалияту самаранокӣ ва агротехникаи бурриш ва башаклдарории дарахтони мевадиҳанда ва ангур, парвариши баъзе дарахтону буттаҳои ороишӣ, яхобмонии заминҳо ва аҳамияти он, омода намудани кишти тухмиҳои дарахтони нодир ва парваришу нигоҳубини тухмии дарахтони ороишӣ, мубориза бар зидди касалию ҳашароти зараррасони боғҳо дар давраи тирамоҳу зимистон ва барқарор намудани боғҳои кӯҳна бо усули зина ба зина, инчунин бунёди боғҳои нав тавсияҳои илман асоснок пешниҳод гардиданд.
Ба иштирокдорон тарзу усули буруши ниҳол, яхобмонии замин ва агротехникаи парвариши баъзе дарахтону буттаҳои ороишӣ ба таври амалӣ нишон дода шуд.
АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»






