Миҷгона Самадова ба марҳилаи нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс роҳ ёфт

Декабрь 9, 2021 14:21

ДУШАНБЕ, 09.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Нижневартовскии Федератсияи Русия  Ҷоми 18-уми ҷаҳон оид ба бокс миёни мардону занони аз 19 то 40-сола ба хотираи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ  Фармон  Салмонов  идома дорад. Рӯзи дуюми рақобатҳо дар доираи Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс ба анҷом расид. Дар ин рӯз бонувон дар 3 категория ва мардон дар шаш вазн миёни ҳам қувва санҷиданд. Дар натиҷа варзишгарбонуи кишвар Миҷгона Самадова тавонист ба марҳилаи нимниҳоии мусобиқот роҳхат ёбад, хабар доданд аз Федератсияи  бокси  Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

Миҷгона Самадова, ки дар даври аввали Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс бар вазишгари Муғулистон Мичидма Эрденедалай пирӯз шуда буд, дар марҳилаи ¼-ниҳоӣ бо намояндаи Лаҳистон Серафин Моника сабқат намуд. Дар ин вохӯрӣ ҳам Миҷгона Самадова бар  ҳарифаш дастболо шуд. Ӯ то анҷоми вақт тавонист сӯи ҳариф зарбаҳои зиёди мустақим равон кунад. Дар натиҷа доварон ғалабаро ба муштзани тоҷик доданд.

Миҷгона Самадова дар даври нимниҳоӣ бо намояндаи Русия қувва месанҷад.

Дар рӯзи дуюми мусобиқот варзишгарони   дигари тоҷик Шоира Зулқайнарова ва  Сулаймон Нодиров низ ба ринг баромаданд, вале аз ҳарифонашон  мағлуб  гардиданд.

                                                                               АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 9, 2021 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад