«ОБ – ГАРАВИ РУШДИ ДЕҲОТ ВА САЙЁҲӢ». Озмуни АМИТ «Ховар» ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷамъбаст гардид

Декабрь 28, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 28.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар ҳошияи ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Об — сарчашмаи асосии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон» озмуни ҷумҳурияӣ барои беҳтарин очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ таҳти унвони «Об – гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ» ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва қадрдонӣ шуданд.

Ҷойи якум барои мақолаҳои «Искандаркӯл — тамошогаҳи ҷаҳонгардон. Ва ё мӯъҷизае андар оғӯши қаторкӯҳҳои Ҳисору Фон» ва «Ворӯ – нишоне аз фарҳанги суғдиёни қадим. Оё метавон онро ба рӯйхати ЮНЕСКО пешниҳод намуд?» ба Марзия Саидзода, хабарнигори АМИТ «Ховар», ҷойи дуюм барои мақолаи «Тоҷикистон – диёри обҳои зулол» ба Маҷид Салим, нависанда ва публисист, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, ҷойи дуюм барои мақолаи «Благоприятное географическое положение позволяет Таджикистану предлагать условия для отдыха на самый разнообразный вкус» ба Гурдия Каҳорова, корманди ҶДММ «Суғуртаи асри 21», ҷойи сеюм барои мақолаи «Сайёҳии табобатию солимгардонӣ: Тоҷикистон бо нодиртарин обҳои шифобахшаш метавонад дар ин самт яке аз кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон гардад» ба Маҳбону НУРОВА, омӯзгори мактаби №49 ш. Душанбе, ҷои сеюм барои мақолаи «Биё, мулки Бадахшонро тамошо карда, ҳайрон шав!»  ба София Шоик, хабарнигори АМИТ «Ховар» сазовор дониста шуд.

Барои иштироки фаъолона дар озмун, инчунин саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи соҳаҳои обу сайёҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ:

барои мақолаи «22 март – Рӯзи умумиҷаҳонии захираҳои об. Яке аз омилҳои саноатикунонии мамлакат низ маҳз захираҳои ин неъмати бебаҳо мебошад» Манижа Баҳромзода, докторанти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, барои мақолаи «Нақши шахсият дар рушди Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ» Шаҳноз Қурбон, рўзноманигори «Ҷумҳурият», инчунин Фарҳод Мадаминов, рўзноманигори ҳафтаномаи «Навиди Кўлоб», Тоҷинисо Файзуллобекова, рӯзноманигор аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Шоҳрӯз Ҳотамов, мухбири ҳафтавори ҷамъиятию сиёсии “Имрӯз” дар Ҷамоати деҳоти Ворух бо сипоснома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Бояд зикр намуд, ки Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барои беҳтарин очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ таҳти унвони «Об – гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ» озмун эълон намуд. Даври якуми озмун  аз 20 ноябри соли 2019 оғоз гардида, то 5 сентябри соли 2020 идома ёфт ва дар арафаи ҷашни Истиқлолият ҷамъбаст гардид. Даври дуюми озмун аз моҳи сентябри соли 2020 то 20 декабри соли 2021 идома ёфт.

Мақсади озмун – тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз мамлакати соҳибистиқлоли хеш, ҳисси эҳтиром ва муҳаббат ба сарзамини Тоҷикистон,  муаррифии боигариҳои табиӣ ва имконияти сайёҳии кишвар, урфу одат ва анъанаҳои мардуми он тавассути очеркҳо ва мақолаҳои публисистии дорои мазмуну моҳияти баланд мебошад.

Дар озмун аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ олимону коршиносон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд. Ғолибони озмун, ки аз пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб ва Исфара буданд, бо диплом ва маблағҳои пулӣ, инчунин иштирокдорони фаъол бо сипоснома ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд