ОБ — САРЧАШМАИ АСОСИИ ИМКОНИЯТИ САЙЁҲӢ. Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ доир мегардад

Декабрь 26, 2021 09:15

ДУШАНБЕ, 26.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Об — сарчашмаи асосии имконияти сайёҳии Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ доир мегардад.

Хамоиши мазкур дар ҳошияи татбиқи ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки доираи васеи олимону коршиносон ва намояндагони вазорату идораҳо доир карда мешавад.

Дар арафаи ин ҳамоиши илмӣ андешаҳои мудири бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳӣ Абдукарим ҚУРБОНЗОДро доир ба об ва ҳамгироии он дар рушди соҳаи сайёҳӣ пешкаши хонандагон мегардонем.

-Хусусияти об ҷузъи ҷудонашавандаи вижагии дилхоҳ навъи сайёҳӣ мебошад, зеро амалан ягон кишваре нест, ки об дар рушди сайёҳии он нақши муҳим надошта бошад. Захираҳои об барои рушди сайёҳии солимгардонӣ, варзишӣ, круизӣ, соҳилӣ, рафтинг ва ғайраҳо истифода мешаванд.

Тоҷикистон дорои неъматҳои бойи табиӣ буда, саросари кӯҳистони он пур аз чашмаву обҳои мусаффо мебошад, ки аксарияти онҳо хусусияти табобатӣ доранд.

Кўлу дарёҳои Тоҷикистон яке аз экосистемаҳои нодиртарин дар ҷаҳон мебошанд.

Сарчашмаҳои асосии дарёҳои Тоҷикистон пиряхҳо, бориш ва обҳои зеризаминӣ мебошанд. Оби аксарияти дарёҳои мамлакат нӯшокист. Ҳамин аст, ки Тоҷикистонро дар ҷаҳон «Кишвари обҳои мусаффо» меноманд.

Аму, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Хингоб, Сурхоб, Исфара дарёҳои калонтарини Тоҷикистонанд. Аму серобтарин дарёи Осиёи Марказист, ки аз ба ҳам омехтани Панҷу Вахш дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон пайдо шуда, то охири ҷараён 2325 километр масофаро мепаймояд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 1800 кӯл вуҷуд дорад. Масоҳати умумии кӯлҳои Тоҷикистон 1005 км² буда, онҳо 1 % аз ҳудуди Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Қарокӯл, Сарез, Искандаркӯл, Баҳри тоҷик, Зоркӯл, Рангкӯл, Аловуддин, Ҳафткӯл аз ҷумлаи кӯлҳое мебошанд, ки ҳамасола даҳо ҳазор сайёҳонро ба худ ҷалб сохта истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 200 чашмаи оби маъдании шифобахш мавҷуд аст, ки аз он 71 –тояш дорои оби гарм ва 43- тоаш дорои оби хунук мебошад.

Табиати Тоҷикистон бо сабаби гуногунрангӣ ва мавҷудияти кўҳҳову доманакӯҳҳо аз якчанд ҷиҳат хос буда, дар он барои рӯйидани гиёҳҳои шифобахш шароити мусоид фароҳам аст. Захираи зиёди обҳои шифобахш, ки аз замини доманакўҳҳо ба таври табиӣ ё сунъӣ фаввора зада мебароянд, аз ҳисоби сермаъдан будани қабатҳои замини кишвар қобилияти шифобахшӣ дошта, як қатори онҳо нодиртарин дар дунё ба шумор мераванд.

Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон Хоҷа Оби Гарм, Явроз, Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Ҳавотоғ, Зумрад, чашмаи Биби Фотимаи Заҳро, Авҷ, Ямчун ва Зонг мебошанд, ки барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд доранд.

Марказҳои солимгардонию табобатии кишвари мо хусусияти фавқулодаи табобатбахширо доро мебошанд. Онҳо инчунин сохтори такмилёфтаву рушдкарда доранд, ки аз ҳамтоёни хориҷии худ ягон камӣ надоранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ривоҷу равнақи намудҳои гуногуни сайёҳӣ имконияти зиёд дорад.

Маҳз бо талошҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захира ва имконияти обиву сайёҳии кишвар ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва масъалагузорӣ мешавад.

Бесабаб нест, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба мушкилоти вобаста ба об суханронӣ карда, ҷомеа ҷаҳониро ба ҳамкории зич даъват намуданд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди чоруми ҷониби Тоҷикистон дар масоили дастрасӣ ба об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ қабул гардид.

Ҷонибдорӣ гардидани ин ташаббус, аз як тараф ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои рушди устувор бошад, аз ҷониби дигар эҳтиром ба миллати тоҷик ва Сарвари давлати он мебошад. Обро сарчашмаи ҳаёт, наҷотбахши табиат ва асоси саломатии инсон низ арзёбӣ мекунанд.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр намуданд, ки “бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд”.

Ин ташаббуси Пешвои миллат ба тозагии ҳифзи муҳити зист, ки яке аз вазифаҳои асосии сайёҳӣ маҳсуб меёбад, замина мегузорад. Зеро маҳз ҳавои аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ватанамон қобили таваҷҷуҳи сайёҳон мебошад.

Ҳамчунин вобаста ба масъалаи об Сарвари давлат зикр карданд, ки силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст.

Президенти Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланди СММ зикр намуданд, ки соли 2022 дар Душанбе конфронси байналмилалии даҳсолаи об баргузор мешавад.

Ташкили чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд моҳияти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дигарбора ба сифати сиёсати сулҳҷӯёнаю башардӯстона, симои Тоҷикистонро ба сифати кишвари биҳиштосо, босубот ва саршор аз ғановати обию сайёҳӣ ва мардуми онро меҳмондору меҳмонпазир муаррифӣ менамояд. Аз ҷониби дигар, моҳияти чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию илмӣ ба афзудани робитаҳои сайёҳӣ заминаи муосид фароҳам месозад.

Барои кишвари мо рушди сайёҳӣ аҳамияти хосса дорад. Ташкили инфросохтори зарурии сайёҳӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани он дар авлавияти сиёсати Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст.

Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист. Дар ин талошҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба халқу миллат таҷассум меёбанд. Чун рушди ин соҳа ба иқтисодиёти мамлакат ва вазъи некуаҳволии мардум таъсири бисёр амиқ гузошта, меҳмоннавозии беназири тоҷикона, фарҳанги ғанӣ, сиришти маънавии миллат, ёдгориҳои арзишманди таърихӣ, табиати афсункори кишвар, обҳои мусаффову шифобахш, кӯҳҳои чун ғурури миллат баланди Ватан ва садҳо ғановати фарҳангӣ, табиӣ ва экологиро ҷаҳониён хоҳанд шинохт.

Бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамасола дар ҳошияи татбиқи ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ҳамоиши илмӣ таҳти унвони “Об — сарчашмаи асосии имконияти сайёҳии Тоҷикистон” ҳамоишҳои илмӣ ва чорабиниҳои дигари муарриф ҷиҳати тарғибу ташвиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба об ва саҳми он дар рушди сайёҳӣ ташкилу гузаронида мешаванд.

Бори дуюм аст, ки дар кишвар бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳӣ ва АМИТ “Ховар” озмуни ҷумҳурияӣ таҳти унвони “Об – гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барои беҳтарин очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ» баргузор мегардад.

Мақсади озмун – тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз мамлакати соҳибистиқлоли хеш, ҳисси эҳтиром ва муҳаббат ба сарзамини Тоҷикистон, муаррифии боигариҳои табиӣ ва имконияти сайёҳии кишвар, урфу одат ва анъанаҳои мардуми он тавассути очеркҳо ва мақолаҳои публисистии дорои мазмуну моҳияти баланд мебошад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ — обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад».

Мавриди зикр аст, ки дар аксар кишварҳо рафтинг (намуди махсуси варзиши обӣ дар дарёҳои кӯҳӣ) хусусияти оммавӣ пайдо кардааст. Ҳамасола дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон мусобиқаҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ гузаронида мешаванд, ки ҳазорҳо сайёҳу варзишгарон дар онҳо иштирок мекунанд. Ҳатто ба хотири ривоҷу равнақ бахшидани ин навъи сайёҳӣ дар баъзе кишварҳои Аврупои Ғарбӣ дарёҳои сунъӣ сохтаанд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки дар ҷаҳони муосир теъдоди хоҳишмандони рафтинг сол ба сол меафзояд.

Мо имконият дорем, ки баҳри рушду такомули рафтинг аз иқтидорҳои бузурги кишвар самаранок истифода барем, зеро ба ин васила метавон ба рушди дигар навъҳои сайёҳӣ замина гузошт, ки он дар навбати худ ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.

Имрӯзҳо ба ҳамаи минтақаҳои дорои захираҳои сайёҳии табобатию солимгардонӣ, аз ҷумла обҳои минераливу шифобахш, пиряхҳо ва дарёву кӯлҳои мусаффо хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда, имконияти ин минтақаҳо ба таври васеъ ва самаранок истифода шуда истодааст.

Маҳз ҳамин захираи бойи обҳои ошомиданӣ ва барои саломатӣ муфиди кишвар имкон фароҳам меорад, то сайёҳии обию экологӣ рушд карда, Тоҷикистон ҳамчун давлати сайёҳӣ вориди бозори ҷаҳонии сайёҳӣ гардад ва аз ҳисоби даромади соҳа сатҳи иқтисодиёти кишвар боло равад.

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 26, 2021 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд