ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолат бориши сусти борон ба амал меояд

Декабрь 19, 2021 08:18

ДУШАНБЕ, 19.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 28-33 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда дар баъзе ҳолатҳо боришоти сусти борон,  дар базе ноҳияҳо кӯҳӣ боришоти борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6  дараҷа гарм,  рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳия тормеғ (туман) мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук,  рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 19, 2021 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад