Пагоҳ бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2021 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд доир мешавад

Декабрь 8, 2021 09:22

ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 9 декабр бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол-2021 миёни чемпиони ҳашткаратаи Тоҷикистон — «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе ва  барандаи медалҳои нуқраи чемпионати кишвар — дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар бозии ҷавобии даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душнабе бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 (натиҷаи ду бозӣ – 7:3) ғалаба кард. Голҳоро Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров ва Рёта Нома ба нишон расониданд. Дар бозии дигари нимфинал   дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ бар дастаи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, вале иштирок дар Ҷоми Тоҷикистонро ба анҷом расонд. Дастаи футболи   «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо шарофати пирӯзии калон (4:0) дар бозии аввал ба финал баромад. Қаблан дар финали Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ду маротиба бозӣ кардаанд. Соли 2010  дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 5:0 ва соли 2017 дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардидаанд.

Хотиррасон  мешавем, ки  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  дар таърихи мавҷудияташ 8 маротиба — 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019, дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд чор маротиба – 1997/1998, 2002, 2008 ва 2017  ғолиби Ҷоми Тоҷикистон гаштаанд.

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 8, 2021 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сеюми тамринҳоро дар Давҳа ба анҷом расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид