Пойгоҳи низомии ФР дар Тоҷикистон соҳиби 30 танки Т-72Б3М гардид
ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баталиони танкии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо танкҳои муосири Т-72Б3М таҷҳизонида шуд. Рӯзи душанбе, 6 декабр хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбӣ хабар дод, ки 30 мошини низомӣ бо ҳолати муосир ба парки пойгоҳ ворид карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зикр гардид, ки ин имконияти ҷангии танкчиёнро боло бурда, аз ин ҳисоб гардишҳои танкӣ низ беҳтар гашта, имкони муҳофизати экипажи он афзоиш меёбад.
Тавре нашряи ҳукуматии «Российская газета» менависад, Т-72 танки асосии ҷангии қувваҳои хушкигард мебошад. Дар заминаи он тӯли даҳсолаи охир якчанд мошинҳои мукаммали ҷангӣ сохта шудаанд. Аз ҷумла, он танкҳое, ки Русия ва дигар иштирокчиёни хориҷии «Баталиони танкӣ» истифода мебаранд.
Дар намунаи T-72B3M ин мошин бори аввал соли 2018 дар Подмосковие, дар Форуми байналмилалии ҳарбӣ-техникии «Армия» намоиш дода шуд. Тибқи маълумоти корпоратсияи «Уралвагонзавод», ки мошини ҷангиро сохта, истеҳсол мекунад, танк бо муҳаррики нави дизелии дорои 1130 қувваи асп, низоми муҳофизати ғайрифаъол ва фаъол, инчунин системаи алоқаи «Акведук» муҷҷаҳаз гардонида шудааст.
Инчунин қисматҳои ҷангии танк нав карда шудаанд. Дар ин ҷо таҷҳизоти 125-мм бо баллистикаи беҳтаршуда ва тирҳои захирашуда, муайякунандаи рақамии баллистикӣ ва манзараи мушоҳидавӣ барои фармондеҳи мошини ҷангӣ насб карда шудаанд. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки экипаж рӯзона ва шабона ҳарчӣ зудтар ҳадафро муайян ва маҳв созад.
Дар мавриди пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки ба гуфтаи фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ, генерал-полковник Александр Лапин, се баталиони мототирандозии ин сохтор бо таҷҳизоти муосири ҳарбӣ — БМП-2М ва БТР 82А пурра муҷаҳҳаз шудаанд. «Қисматҳои зенитӣ бо маҷмӯаҳои нави ҳамафаслаи «Верба» таъмин шуданд». Ҳамчунин ба пойгоҳ маҷмӯаҳои идоракунандаи ракетавии зиддитанкии «Корнет», туфангҳои снайперии АСВК-М «Корд», автомати АК-12, силоҳҳои оташандози реактивии пиёдагарди дорои дурбинии баланд ва ғайра дастрас гардиданд.
ДАР АКС: танки Т-72Б3М. АКС: © Maxim Shemetov/ Reuters








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






