Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ бо Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи заминсозӣ ва геодезӣ 2 декабр зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи идораи замин ва геодезӣ.
Зимни мулоқот ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти гузаронидани таҳқиқоти калонҳаҷми хок ва баҳои иқтисодии замин, рушди таҳсили географӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти соҳаи геодезӣ ва муҳандисӣ бо амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар масъалаҳои ба самти фаъолияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастаро баррасӣ намуданд.
Ориф Хоҷазода ин мулоқотро намунаи хуби муносибатҳои наздик ва дӯстона бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ гуфта, афзуд, ки Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои судманди он ва тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ омода аст.
Дар навбати худ Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки барои тавсеаи ҳамкории минбаъда имзои созишномаҳои ҳамкорӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
АКС: Кумитаи идораи замин ва геодезии ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






