Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилӣ: Бо талошу кӯшишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъ дар Бадахшон ба эътидол омадааст

Декабрь 13, 2021 15:40

ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо талошу кӯшишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъ имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба эътидол омада, мардум ба кору зиндагӣ машғуланд. Ин нуктаро имрӯз, 13 декабр Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода зимни ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти фаврӣ-хизматии РВКД дар ВМКБ дар 11 моҳи соли равон иброз намуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сардори раёсати ВКД дар Бадахшон  генерал-майори милитсия Рустам Мирзомуродзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ дар самтҳои ҳифзи тартиботи ҷамъииятӣ, пешгирии ҳуқуқвайрокуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон, бозрасии давлатии автомобилӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва ғайра ибрози андеша намуд.

Рамазон Раҳимзода оид ба воқеаҳои рухдода дар шаҳри Хоруғ ва натиҷаҳои фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар ВМКБ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иброз дошт, ки бо талошу кӯшишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъ имрӯз дар вилоят ба эътидол омада, мардум ба фаъолият машғуланд.

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки бо дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сол аз сол рушду тараққӣ ёфта, ҳамасола корхонаҳо, бинову иншооти гуногун  мавриди истифода қарор мегиранд.

“Аммо бархе роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо содир намудани ҷиноятҳо, аз қабили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо вазъияти ҷомеаро дар шаҳри Хоруғ ноором сохта, ба ин амалҳои ҷинояткоронаи худ ноболиғону ҷавононро ҷалб карда истодаанд”,-гуфт Рамазон Раҳимзода.

Вазири корҳои дохилӣ ба кормандони милитсия дастур дод, ки барои суботу оромӣ ва осоиштагию амнияти шаҳрвандон вазифа ва уҳдадориҳои худро содиқона ва сарбаландона иҷро намоянд.

АСКҲО: ВКД ҶТ

Декабрь 13, 2021 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид