Русия дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон посгоҳи сарҳадӣ месозад
ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Русия ба сохтмони посгоҳи муосири марзӣ дар Тоҷикистон дар сарҳад бо Афғонистон шурӯъ мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 27 декабр зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар посух ба суоли мухбири ТАСС иттилоъ дод.
«Масъалаҳо [амният] ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба баррасӣ шуданд, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ қарор дар бораи таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон қабул шуд <…> Саҳми дигари Русия бунёди постгоҳи марзӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аст (дар вилояти Хатлони Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон – тавзеҳи ТАСС), маблағҳо ҷудо карда шуданд, созишнома ба имзо расид, ин лоиҳа ба марҳилаи амалӣ ворид шуда, посгоҳи муосири сарҳадӣ бунёд карда мешавад», — гуфт дипломати рус.
Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки дар доираи ин тасмимҳо ҷониби Русия интиқоли аслиҳаҳоро барои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон анҷом додааст.
Ба гуфтаи ӯ, «дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир шудааст, муосиркунонӣ фаъолона ҷараён дошта, он бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, инчунин як қатор машқҳо, усулҳо гузаронида шуда, давоми сол ҳудуди 40 тамрин гузаронида мешавад. Ӯ изҳор дошт, ки пойгоҳи Русия бо шарикони тоҷик ва бисёрҷониба — дар чаҳорчӯби СААД — бо ширкати кишварҳои дигар машқҳои дуҷониба анҷом медиҳад ва ин тамринҳоро сатҳи баланди омодагӣ унвон кард. «Ба ин масъала (таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон – тавзеҳи ТАСС) таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳад шуд», — хулоса кард сафир.








Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст






