Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сардори Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Русия Анна Попова мулоқот намуд

Декабрь 17, 2021 14:22

ДУШАНБЕ, 17.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сардори Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Русия Анна Попова мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мавриди зикр аст, ки аз оғози ба қайд гирифта шудани бемории сироятии КОВИД-19 миёни мутахассисони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия робитаи зич барқарор карда шуда, бо роҳи мубодилаи таҷриба ва татбиқи нақшаҳои саривақтӣ ҳамкорӣ натиҷаи нек дод.

Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Русия дар замони паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 дар самти дастрас намудани маводи тиббӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон нақши бориз гузошт.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба ҷой доштани ҳамгироии нек байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳавасмандӣ зоҳир карда шуда, барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Русия мулоҳизаҳои судманд баён  шуданд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Декабрь 17, 2021 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд