Шукрона Охунова дар Олимпиадаи IV байналмилалии Боку сазовори ҷойи 3-юм гардид

Декабрь 14, 2021 14:16

ДУШАНБЕ, 14.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 9-уми муассисаи таълими давлатӣ барои хонандагони болаёқат («МТДБХБ»)-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Шукрона Охунова дар Олимпиадаи IV байналмилалии «Озмоишгоҳи  таълимии истеъдодҳо-2021», ки дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии  Озарбойҷон баргузор шуд, сазовори ҷойи сеюм гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар бо истинод ба маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Ҳамчунин дар ин олимпиадаи бонуфуз хонандагони шаҳри Душанбе Фирдавси Фаридун ва Муҳаммадробеи Муҳаммадёр сертификати иштирокчиро сарфароз гардиданд.

Олимпиадаи мазкур аз 6 то 11 декабр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз фанҳои математика, химия ва физика бо иштироки 18 намояндаи давлатҳои ИДМ ва Балтика баргузор гардид. Дар он  ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии намояндаи Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Нозимов ширкат дошт.

Ёдовар мешавем, ки соли сипаришуда Шукрона Охунова дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон аз фанни химия иштирок намуда, сазовори ҷои 1 ва медалли тилло гардида буд.

Бояд хотиррасон намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад».

Барои амалӣ намудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз ҷониби тамоми сохторҳои Вазорати маорифи мамлакат тадбирҳои судманд амалӣ  мегарданд.

АКС: МИҲД Хуҷанд

Декабрь 14, 2021 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд