Шунавандагони курси «Зан-сарвар» соҳиби шаҳодатнома гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи заноне, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд, маросими ҷамъбастии супоридани шаҳодатномаҳои курси «Зан-сарвар» дар вазъияти тантанавӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Академия.
Давраи аввали курси мазкур барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 26 майи соли 2021 ва дар вилояти Суғд 21 июни соли 2021 доир гардида, се давраро дар бар гирифт. Дар курси мазкур аз вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 49 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Дар ҷамъомад Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ, роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, ба он занону духтароне, ки дар мақомоти маҳаллӣ фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд.
Ҳадаф аз баргузории курс- мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарии занон дар идоракунии давлатӣ мебошад. Аз аввали курси мазкур то имрӯз 128 нафар занон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе соҳиби шаҳодатнома гардидаанд.
Дар ин рӯз дар фазои тантанавӣ ба 49 нафар хатмкунандагони курс шаҳодатнома тақдим гардид.
АКСҲО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ










Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад






