Сироҷиддин Икромӣ бо мудирони «Компас Плюс» ва «МИР» роҳҳои таҳкими ҳамкориро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 06.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба васеъ намудани доираи фаъолияти кортҳои бонкии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар хориҷ аз кишвар дар мулоқоти Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ бо Директори генералӣ — Раиси Раёсати Ҷамъияти Саҳомии Низоми Миллии Кортҳои Пардохтии (НМКП) низоми пардохти «МИР» Владимир Комлев дар Москва баррасӣ гардид.
Аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Роҳбари Низоми Миллии Кортҳои Пардохтии (НМКП) низоми пардохти «МИР» Владимир Комлев зикр намуд, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» яке аз шарикони боэътимод дар минтақа аз нигоҳи рушди ҳисоббаробаркуниҳои рақамӣ ба шумор меравад.
Сироҷиин Икромӣ дар доираи сафари кориаш ба Федератсияи Русия ҳамзамон бо мудири ширкати таъминкунандаи барнома ва технологияҳои муосири рақамии бонкии ҶДММ «Компас Плюс» хонум Олга Демина мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои марбут ба мукаммал намудани барномаҳои ҳисоббаробаркуниҳои рақамӣ ва васеъ намудани доираи фаъолияти бонк дар самти бозоргирӣ баррасӣ шуданд.
Олга Демина афзуд, ки «Компас Плюс» омода аст барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони «Амонатбонк» курсҳои кӯтоҳи омӯзишӣ доир намояд.
«Амонатбонк» яке аз бонкҳои калонтарин ва низомсоз дар Тоҷикистон буда, тасмим дорад ояндаи наздик тамоми хизматрасониҳояшро дар дохил ва хориҷи кишвар рақамӣ кунонида, дастрасии мизоҷонро ба хизматрасониҳои бонкӣ боз ҳам тавсеа бахшад.
АКСҲО: Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк»










Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2136 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид






