Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Маҷористон ва Латвия мулоқот кард

Декабрь 3, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 03.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи нишасти 28-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Стокҳолм  бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярто ва  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Латвия Эдгар Ринкевич мулоқот кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин  бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярто мавзӯъҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои маориф, варзиш, тандурустӣ, дастгирии иқдомҳои ду кишвар дар абзорҳои байналмилалию минтақавӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инчунин вазъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Латвия  Сироҷиддин Муҳриддин ва Эдгар Ринкевич доир ба раванди равобити дуҷониба ва густариши минбаъдаи онҳо, ҳамкории муштарак дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Декабрь 3, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд