Соҳибкорони Ванҷ дар пайравӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар рушди устувор ва ободии ноҳия саҳм мегузоранд
ДУШАНБЕ, 13.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати равнақ бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани ҳар гӯшаи зебоманзари диёр бо як гурӯҳ соҳибкорони муваффақи ноҳияи Ванҷ вохӯрӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, аз сокинони ноҳияи Ванҷ даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри пешрафти минбаъдаи Ватан, таъмини сатҳи шоистаи зисти мардум аз имконияти мавҷуда самаранок истифода карда, дар ободонии кишвар саҳм гузоранд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар минтақаҳои дурдасти ноҳияи Ванҷ аҳолии маҳаллӣ ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳмонхонаву ошхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, шароити мусоиди таълимӣ, иншооти варзишӣ, боғчаҳо, марказҳои фароғатӣ, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, ҳаммом ва бунгоҳҳои тиббӣ ниёзи бештар доранд ва соҳибкорон имкон доранд бо корҳои бунёдӣ дар ин самт ташаббускор бошанд.
Тазаккур дода шуд, ки дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ ва пешрафту ободии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағҳои зиёд равона карда шудааст. Дар ин давра дар маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳоти дурдасти он як зумра иншооти муҳим ба истифода супорида шуданд, ки барои рушду пешрафти ин ноҳияи дурдасти мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард.
Бо мақсади таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ иборат аз 72 банд бо фарогирии 86 иншоот тасдиқ гардид. Ба ҳолати имрӯза 26 банди соли 2018 бо фарогирии 31 иншоот, 23 банди соли 2019 бо фарогирии 26 иншоот, 16 банди соли 2020 бо фарогирии 22 иншоот ва 4 банди соли 2021 бо фарогирии 4 иншоот ба пуррагӣ иҷро гардида, дар 2 банди соли 2021 сохтмони боғчаи бачагона барои 200 ҷой ва сохтмони маркази хизматрасонӣ дар маркази ноҳия корҳо идома доранд.
Ғайр аз ин, бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони бонангу номуси ноҳия ба истиқболи ин санаи мубораки таърихӣ даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ бунёд гардиданд, ки дар онҳо барои сокинон садҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Гурӯҳи соҳибкорон иброз доштанд, ки барои тақвият бахшидани рушди инфрасохтори деҳот дар ноҳия, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволӣ мусоидат менамояд, имконияти мавҷударо самаранок истифода карда, бо корҳои созандагию ободонӣ дар шароити маҳал саҳм мегузоранд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






