Сокинони Ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои дастҷамъона мегузаронанд

Декабрь 19, 2021 09:09

Ш.ШОҲИН, 19.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Шаҳри барбари Ҷамоати деҳоти Доғистони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо истифода аз техникаҳои мавҷуда корҳои ободонӣ ва ҳашарҳои дастҷамъона гузаронида мешаванд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар доираи ин тадбир барои ҳаракати мунтазам ва бехатарии воситаҳои наклиёт роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ сангфарш карда мешаванд.

Бино ба иттилои сокини деҳоти Доғистони ноҳия Тоҳир Назиров, роҳи Ҷамоати деҳоти Доғистон аз роҳи мошингарди асосӣ то маркази деҳот, ки беш аз 6 киллометрро ташкил медиҳад, аз нав ҳамвор ва сангфарш карда шудааст. Дар деҳаи Шаҳри барбари деҳоти мазкур низ сокинон икдом гирифтаанд, ки бо гузаронидани корҳои заминӣ роҳи маҳаллиро пурра сангфарш намоянд.

Баъди анҷоми корҳои пешбинишуда дар рӯзҳои бориши давраи зимистон ва мавсими баҳор ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ осон мегардад.

Дар ин деҳоти ноҳия, ки сокинон асосан ба кишоварзӣ машғуланд, имрӯзҳо бо истифода аз боду ҳавои мусоид шудгор ва кишти тирамоҳии зироати кишоварзӣ идома дорад. Аз 190 гектар майдони умумии кишт дар деҳоти мазкур кишоварзон икдом гирифтаанд, ки дар майдони 80 гектар ғалла кишт кунанд.

Барои замина гузоштан ба ҳосили фаровон ва дар муҳлати хуби агротехникӣ ба анҷом расонидани маъракаи кишт имрӯзҳо бо истифода аз техникаи зарурӣ шудгори заминҳои барои кишти баҳорӣ пешбинишуда низ ҷараён дорад.

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Декабрь 19, 2021 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид