ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, панҷшанбе, 350-умин рӯзи соли 2021 аст

Декабрь 16, 2021 08:00

16 декабри соли 2009 дар шаҳри Копенгагени Дания Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим суханронӣ намуданд.

***

8 сол қабл, 16 декабри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли вақти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Дмитрий Мезентсев оид ба масоили баргузор намудани Форуми СҲШ ва таҳияи Стратегияи СҲШ барои солҳои 2020-2025 суҳбат намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум кабинаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.

 16 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

  Дар  Баҳрайн — Иди миллӣ.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи истиқлол.

***

Дар Бангладеш – Рӯзи ғалаба.

РӮЙДОДҲО:

 16 декабри соли 2009 Федератсияи байналхалқии футбол — ФИФА ҷадвали ҷойгиршавии дастаҳои мунтахаби ҷаҳонро оид ба футбол барои соли 2009 муайян кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар ин ҷадвал дар байни 207 давлати ҷаҳон ҷои 165-умро ишғол намуд.

***

16 декабри соли 2015 мактаббачагони тоҷик дар Олимпиадаи барномасозии Қазоқистон медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд.

***

5 сол пеш, 16 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе 2-юмин ҷаласаи навбатии байниташкилотии Гурӯҳи корӣ оид ба муносибатҳои байнибуҷавии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 ***

16 декабри соли 1958 мамлакатҳои  Паймони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ талаботи Иттиҳоди Шӯравиро барои аз Берлин баровардани ҳамаи низомиён ва «шаҳри озод» эълон кардани он рад намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1966 Шӯрои амнияти СММ ҷорӣ намудани як қатор таҳримҳоро бар зидди Родезия (Зимбабвеи муосир) ба тасвиб расонид.

***

16 декабри соли 1991 Ҳизби Коммунистии Туркманистон  фаъолияти худро қатъ карда, аз нав ҳамчун Ҳизби демократӣ таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1970 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи таҳкими амнияти байналхалқӣ декларатсия қабул намуд.

***

Соли 1972 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нишони «Дӯстии халқҳо» таъсис дода шуд.

Декабрь 16, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш