ТАРКИШИ ШАДИД ДАР КОБУЛ. Масъулиятро «Давлати исломӣ»* бар уҳда гирифт

Декабрь 13, 2021 13:46

ДУШАНБЕ, 13.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи ҷумъаи 10 декабр дар қисмати ғарбии шаҳри Кобули Афғонистон таркиши пурқувват рух дод. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар додаанд.

«Тибқи гузоришҳои пешакӣ, як микроавтобус дар истгоҳи мактаби Дашти Барчӣ, дар маҳаллаи 6 дар ғарби Кобул мунфаҷир шудааст», — навиштааст Aamaj News.

Созмони тундрави террористии «Давлати исломӣ»* масъулияти ду таркиши 10 декабр дар Кобул- пойтахти  Афғонистон рухдодаро бар уҳда гирифт.

Ба гузориши ТАСС, бар асари таркишҳо на кам аз  ду нафар кушта ва чаҳор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

__________________________

* Ташкилоти дар ҳудуди Тоҷикистон, Русия ва дигар давлатҳо мамнуъ.

                                                       АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 13, 2021 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид