Тоҷикистон хостори ҳамоҳангсозии фаъолият барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир гардид

Декабрь 17, 2021 09:51

ДУШАНБЕ, 17.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентӣ.

Директори Агентӣ дар бораи дастоварду мушкилот дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷилавгирӣ аз нашъамандӣ, аз хатари паҳншавии маводи мухаддири синтетикӣ ва психотропӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон сухан гуфта, аз Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ва дигар кишварҳо — иштирокчиёни ҷаласа даъват кард, ки фаъолияти ҷомеаи ҷаҳониро барои пешгирии паҳншавии маводи мухаддир ҳамоҳанг созанд.

Мавсуф зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки хатари воқеии нашъамандӣ ба саломатии аҳолӣ ва генофонди миллат дар баробари пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир тамоми тадбирҳои заруриро дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии нашъамандон меандешад.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони мақомоти ваколатдори Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва Покистон, инчунин намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекрурсорҳои онҳо ва дигар кишварҳову ташкилоту созмонҳои байналмилалии маблағгузор ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа дастовардҳои асосии Барномаи минтақавии UNODC барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар марҳилаи II ва шарҳи афзалияти асосии стратегӣ оид ба марҳилаи III Барномаи мазкур барои соли 2022, баррасии талошҳо барои кафолати тавонмандии минтақавии мубориза бо маводи нашъадор ва ҳамкорӣ бо Барномаи минтақавии UNODC барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, изҳороти кишварҳои маблағгузор ва шарикони Барномаи минтақавӣ, оғози расмии марҳилаи сеюми Барномаи минтақавии UNODC барои солҳои (2022-2025) мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Декабрь 17, 2021 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд