Тоҷикистон ва Ҳиндустон фаъол намудани гурӯҳи дӯстии байнипарлумониро зикр намуданд

Декабрь 20, 2021 08:35

ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 18 декабр дар ҷараёни сафари расмии худ дар Деҳлӣ бо Раиси Лок Сабҳа — Палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон Ом Бирла мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни суҳбати пурмуҳтаво аҳамияти рушди ҳамкории бештар миёни парлумонҳои ду кишварро бо мақсади мусоидат дар густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тиббӣ, афзоиши теъдоди бурсияҳои таълимӣ ва табодули таҷриба зикр  намуд.

Ом Бирла бо изҳори таҳсин аз ҳолати феълии робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид кард, ки густариши баъдии он, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, фаъол намудани гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули ҳайатҳои расмӣ ҷиҳати баррасии мавзӯъҳои авлавиятноки дуҷониба ва эътимоди мутақобилаи ду давлати бо ҳам дӯст амри зарурӣ мебошад.

Ҷонибҳо инчунин атрофи дурнамои равобити дуҷониба дар чаҳорчӯби абзорҳои ҳамкорӣ, ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуданд.

АКС: ВКХ ҶТ

Декабрь 20, 2021 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд