ҲУҚУҚҲОИ ХУДРО ҲИМОЯ КУНЕД! Дар барномаи «Рӯҳафзо»-и Радиои «Ховар» масъалаи ҳуқуқи инсон аз нигоҳи равоншинос баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон» барҷастатарин санад дар таърихи инсоният ба шумор меравад ва то ҳанӯз ягон санад чунин баҳои баландро сазовор нагаштааст. Дар ҳамин Эъломия муқаррар гардидааст, ки меҳвари асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон эътирофи қадру қимати шахсият мебошад, ки он ба тамоми инсоният хос буда, ҳуқуқи баробар ва дахлнопазирии онҳо асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умум аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти худ ба ҳаёти ҷомеаи байналмилалӣ фаъолона ҳамроҳ шуд. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон афзалияти сиёсати давлатӣ арзёбӣ гашт. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, муқаррар намуд, ки онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти конунгузор ва иҷроия буда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд.
«Ҳуқуқи инсон замоне поймол мешавад, ки агар ӯ ҳуқуқи худро надонад ва онро ҳимоя карда натавонад», изҳор медорад равоншинос Марям Давлатова ва илова мекунад, ки «дар сурате қонун ба ҳимояи шахс мебарояд, ки агар ӯ ба қонун ё ҳуқуқшинос муроҷиат намояд».
Чӣ бояд кард, то шахс ҳуқуқҳои худро шиносад, дар рӯҳияи худдифоӣ аз ҳуқуқҳои худ бузург шавад ва ба дигарон дар ин самт кумак карда тавонад?… Ба ин ва дигар паҳлуҳои масъалаҳои ҳуқуқӣ равоншинос Марям Давлатова дар барномаи «Рӯҳафзо», ки ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон омода гардидааст, посух мегӯяд.
Ин барномаро метавонед имрӯз, соати 14:30 (асл) ва такроран соати 20:30 аз Радиои «Ховар» бишнавед. Бозпахши барнома 10 декабр- дар Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон соатҳои 09:30, 14:30 ва 20:30 сурат мегирад.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






